Дар бозор ҷорӯб интихоб кардан осон ба назар мерасад, аммо барои ёфтани маҳсулоти босифат донистани якчанд меъёрҳои муҳим зарур аст.
1. Зичии бандиш
Ҷорӯби хуб дастаи нахҳояш ҳадди ақал 3 маротиба бо сим ё ресмон бандшуда бошад. Дастаро фишор диҳед — агар нахҳо осон барояд, ҷорӯб зуд вайрон мешавад.
2. Дарозии нахҳо
Нахҳои сорго бояд 40-60 см дароз ва ҳамранг бошанд. Ранги зард-сабз — нишонаи ашёи хуб хушккардашуда.
3. Даста ва вазн
Вазни умумии ҷорӯб 500-800 грамм бошад. Сабук бошад — зичӣ кам; вазнин бошад — намии барзиёд.
4. Бӯй
Ҷорӯби нави босифат бояд бӯи табиии алаф ё пахол диҳад. Бӯи моғор ё кимиёвӣ нишонаи бекифоятии ашё аст.
Маслиҳат
Барои корхонаи худ ё харидори ҷумлавӣ бо мо тамос гиред. Нархҳо.
